ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст

Январь 2, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7   ва   рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 13-18  ва рӯзона 8-13  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст.  Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз -2-7 то -4+1 ва рӯзона   7+12  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда    мешавад. Рӯзона боридани борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.      Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона     9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  рӯзона боридани борон дар назар аст.    Ҳаво   шабона 2-4  ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Январь 2, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд