ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст

Январь 26, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш  дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш  дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як  сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 13-18 то 22-24  ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  33-38 ва рӯзона 17-22  дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ноҳияи Булункӯли вилоят ҳаво аз 48 то 50 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ  3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона  3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво  шабона 3-5 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 26 то 27 январ вобаста ба соф шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шиддатноктар шудани сардии ҳаво дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон,  дар ин рӯзҳо дар робита ба чунин  вазъи ҳаво  дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.

Январь 26, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд