ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






