ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9, инчунин то 12- 14 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10-12 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






