ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 08.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, инчунин то 10-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 18-23 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






