ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 05.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо ҳарорат ба -1+4 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ҳарорат шабона -4+1, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва гузариш ба барф дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






