ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст

Январь 21, 2019 08:17

ДУШАНБЕ, 21.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14  ва нимаи рӯз аз 0-5 то 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 19-24 то 28-33  дараҷа сард мешавад.   Рӯзона сардии ҳаво аз 7-12 то 12-17 дараҷа мерасад.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб ба шарқ  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва  рӯзона -4+1  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат  шабона  ва рӯзона ба  -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва инчунин то 16-17 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -3+2 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Январь 21, 2019 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд