ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

Январь 10, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 10.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,   боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28  ва рӯзона 5-10  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар дигар ноҳияҳо то 13-18 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -3-2 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 6-11  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 ва рӯзона   2-7  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ  ҳавои  абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона  -1+4 ва рӯзона     7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани  борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Январь 10, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд