ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, инчунин то 13-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона -4+1 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






