ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад

Январь 30, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф  дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, инчунин то 14-16  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-25, ҳамчунин то 30-35 ва рӯзона 12-17  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   боридани борон дар  назар аст. Дар  минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат   шабона  ба -1+4 дараҷа расида, рӯзона  2-7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борон  меборад.  Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф, дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 то 9-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -4+1 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 30, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд