ҶОН МАРК ПОММЕРШАЙМ САФИРИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН ШУД. Дар ин бора дар коммюникеи Сафорати ИМА дар ҶТ хабар дода шудааст

Январь 29, 2019 09:57

ДУШАНБЕ, 29.01.2019./АМИТ «Ховар»/. 7-уми январи соли равон  Ҷон Марк Поммершайм  Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон  меояд. Дар ин бора дар коммюнике, ки Сафорати ИМА дар ҶТ дирӯз паҳн намуд, хабар дода шудааст.

Номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷониби Президент Доналд  Трамп  12 сентябри соли 2018 пешниҳод шуда буд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини Сафири ИМА  (2015-2018) дар   Қазоқистон (шаҳри Остона) адои вазифа намудааст. Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори Идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатиро бар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд.

Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар силсилаи вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Руссия  кор кардааст.

Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии амрикоӣ) дар шаҳри Москва фаъолият намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоотӣ бо Агентии иттилооти ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардааст. Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия аст. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.

 МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»

Тавре аз мусоҳибаҳои қаблии ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм бармеояд, ӯ варзишро хеле дӯст медорад, беш аз 30 сол боз велосипедронӣ мекунад. Вақтҳое буд, ки пайваста бо велосипед ба кор мерафт, ҳатто дар айёми зимистон ҳам. Ба суоли рӯзноманиголрон, ки оё чӣ тавр дар хунукии қаҳратун бо велосипед ба кор рафтан мумкин аст, чунин  посух додаст: «Ҳавои номуносиб нест, агар сарулибос муносиб бошад».

Лижасавориро низ меписандад, инчунин оббозӣ дар баҳр ва давидан дар соҳилҳои онро.

Ҷаноби Поммершайм, агар вақти холӣ даст диҳад,  машғулиятҳои зиёдеро дӯст медорад – теннис, голф. Вақте ҳанӯз хурдсол будааст, рэп гӯш мекардааст, шунидани сурудҳои гурӯҳи Opus Akoben барояш ҳаловат мебахшад.

Ба адабиёт низ рағбат дорад, Лев Толстой ва Томас Вулфро адибони дӯсдоштаи худ номидааст. Бо забон ва адабиёти Чин, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ошноӣ дорад.

Пухтупазро низ метавонад, худро мутахассиси тайёр кардани қаҳва мешуморад, метавонад котлетҳои лазизи амрикоӣ омода намояд.

Ҳамсараш – Наталя Поммершайм зодаи Беларус ва ҳоло шаҳрванди ИМА мебошад.

Январь 29, 2019 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд