Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад

Январь 5, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки 26 апрел ҷашн гирифта мешавад, озмуни «Ихтироъкорони беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2017-2018  доир мегардад. 

Дар озмун ихтироъҳои солҳои 2017-2018, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ таъмин шудаанд ва  дар истеҳсолот татбиқ гардидаанд, баҳогузорӣ карда мешаванд.

Тавре аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур  26 апрели соли равон доир гардида, ихтироъкорону навоварон имкон доранд то 20 март ҳуҷҷатҳои худро ба он пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, ғолибон бо ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  карда мешаванд.

Хоҳишмандоне, ки майли иштирок дар озмун доранд, метавонанд ба нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Маълумоти бештар дар сомонаи Маркази миллии патенту иттилоот- www.tajpatent.tj мавҷуд аст.

Телефон барои  тамос: 222-21-53

Январь 5, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд