Палатаи ҳисоб соли сипаригардида 6,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида соли 2018 аудити молиявии 17 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардида, аз ин ҳисоб 6 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
«Ҷиҳати таъмини назорат оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, шаҳрҳои Бӯстону Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияҳои Хуросон, Балҷувон, Панҷ Шаҳритус, Кӯлобу Нораки вилоят Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаю Роғун, Шаҳринав ва Нуробод ба анҷом расонида шуд»,- зикр намуд Қарахон Чиллазода.
Мавсуф илова намуд, ки дар раванди он 440 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, дар натиҷа ба маблағи 24, 2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид.
Инчунин гуфта шуд, ки санҷишҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои номбурда истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ба қадри 130, 6 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби пура ба инобат гирифтани манбаъҳои андозбандӣ захира ва талафи буҷетро ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ ошкор намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2011 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






