Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов 95 нафар варзишгарони вилоятро қадрдонӣ намуд

Январь 15, 2019 16:25

ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят  баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи  вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуд.

Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар дода, зикр карданд, ки дар маросими ҷоизасупорӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мураббиён ва варзишгарони вилоят, собиқадорони варзиш, соҳибкорон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Иҷрокунандаи  вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли 2018 сухан гуфта, ба кулли мураббиёне, ки ба тарбияи ҷавонони зодаи истиқлол машғул мебошанд, изҳори сипос намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки «мояи ифтихор аст, ки тавассути сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушду нумӯъ карда, варзишгарони тоҷик ба музаффариятҳои пай дар пай ноил мегарданд. Рушди ҳамаҷонибаи варзиш, обутоби ҷисмонии ҷавонон, хосса наврасону ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ривоҷ ёфтани ҳамаи намудҳои тарбияи ҷисмонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо адад варзишгоҳҳо ва майдончаҳои нави варзишӣ ташкил карда шуданд».

Ба андешаи роҳбарияти вилоят, соли 2018 барои варзишгарони вилоят соли дастоварду комёбиҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол   варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд. Яне, ҷавонони вилояти Бадахшон кӯшиш намуданд, ки дар қатори  дигар ҳамсолонашон Парчами давлатиро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд.

Ба иттилои масъулини соҳаи варзиши ВМКБ, ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа  ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло  шуданд.

Январь 15, 2019 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад