Саридораи геология бо корхонаҳои соҳавии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологияи Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи қаъри замин ба имзо расид. Дар ин бора Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод маълумот дод.
Зикр шуд, ки дар доираи санади мазкур дар соҳаи геология, такмили раванди идоракунии маълумоти геологӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати кормандон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳое, ки барои соҳа заруранд, ҳамкории дуҷониба ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра миёни сохторҳои марбут ба соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ба роҳ монда шуд.
Дар асоси Созишномаи мазкур, ки бо ташаббуси Сарварони ду давлати ба ҳам дӯст- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, геологҳои ду кишвар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои муштараки илмӣ- тадқиқотӣ мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки Саридораи геология соли сипаригардида дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» фаъолияти худро ба роҳ монд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






