Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин соли 2018 зиёда аз 245 ҳазор тонна консентрати сурб ва руҳ истеҳсол намуд

Январь 16, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»  соли 2018 78,3 ҳазор тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол намуд, ки дар маҷмӯъ 245,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур калонтарин корхонаи саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи он соли сипаригардида 2 миллиарду 814 миллиону  900 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, маълумоти мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» Вен Ю Дао баён гардид.

Ҷонибҳо масъалаи марбут ба фаъолияти ширкат ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат 15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад. Фармони мазкур ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва саноатикунонии мамлакат такони ҷиддие мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат  пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Январь 16, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид