Шумораи осебдидагони заминларза дар Эрон ба 75 нафар расид

Январь 7, 2019 15:48

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи осебдидагон ҳангоми заминларза дар Эрон дар наздикии сарҳади Ироқ ба 75 нафар афзудааст, хабар медиҳад агентии «Рейтер» бо  истинод  ба роҳбари хадамоти ёрии аввали тиббии кишвар Пирҳуссайн Куливанд.

Дар зимн маълум мешавад, ки бисёре аз онҳо он қадар осеби сахт набардоштаанд.  Қаблан иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 30 нафар бо ҷароҳатҳои  гуногун ба беморхонаҳои Эрон муроҷиат кардаанд.

Рӯзи якшанбе дар ноҳияи сарҳадии Эрону Ироқ заминларза бо магнитудаи 5,7 ба амал омад. Маркази сейсмологии баҳри Миёназамини Аврупо  иттилоъ дод, ки таконҳо соати 13.42 бо вақти маҳаллӣ сабт гардида, манбаи заминларза дар чуқурии 40 метр қарор дошт.

Маркази заминларза дар километри 136-ум аз Бағдод ба самти шимолу шарқ ва дар километри 87 ба самти шимолу ғарб аз шаҳри Илами Эрон қарор доштааст.

Январь 7, 2019 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд