Сокини Кӯлоб калонтарин дойраи ҷаҳонро сохт
ДУШАНБЕ, 11.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Устои ҷавон, сокини шаҳри Кӯлоб Саиднодир Ҳайдаров дойрае сохтааст, ки калонтарин дар ҷаҳон мебошад, навиштааст «АП».
Саиднодир Ҳайдаров қариб муддати 100 рӯз рӯйи сохтани ин дойра заҳмат кашидааст. Масоҳати дойра – 1,7 метр ва вазнаш 34 кило мебошад.
«Ин кӯшиши дуюмам аст. Аввали соли гузашта бо шогирдонам дойраи масоҳаташ 1,5 метр сохтем. Сипас тасмим гирифтам, ки рекорди худамро беҳтар кунам ва дойраи андозааш калонтарро сохтам», — мегӯяд усто.
Устои 30-солаи асбобҳои мусиқӣ ният дорад, ки маҳсули дастонашро ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис кунад.
Хотиррасон менамоем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст ва маҳсули ҳунари Саиднодир Ҳайдаров туҳфаи хубе ба ин муносибат ва барои сайёҳони дохилию хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд.
ДАР АКС: Саиднодир Ҳайдаров (аз чап якум).








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






