Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Январь 14, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 14.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш 110,5 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳисоботи мазкур зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2018, ки 11 январи соли равон баргузор гардид, аз ҷониби муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баён гардид.

Анвар Яъқубӣ  афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурўъ намуда, дар натиҷа 1 ҳазору 431 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид гардид, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 млн. 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст.

Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки соҳаи саноат дар вилояти Суғд сол аз сол рушд ёфта, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзандаи сокинон мусоидат менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат  пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Январь 14, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд