Соли 2018 нақшаи генералии 57 шаҳру ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи генералии 57 шаҳру ноҳияҳо таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Ба иттилои номбурда, лоиҳаҳои нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
«Лоиҳаи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Роғун, Гулистон ва ноҳияи Шаҳритус мавриди мувофиқа қарор дошта, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома дорад», — илова намуд Ҷамшед Аҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассал яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






