Соли 2018 саршумори паранда 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст-бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ

Январь 28, 2019 14:32

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018  дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ саршумори паранда мутаносибан зиёд гардида,  қариб 32 миллион сарро ташкил намуд.  Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои марбута ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Тавре зимни нишаст зикр шуд, ки саршумори паранда соли 2018  нисбат ба соли 2017  75,5  фоиз ва тухм  66,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Хоҷагиҳои парандапарварӣ афзалиятнок муайян гардидани соҳаи мазкурро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаро бо хушнудӣ қабул намуда, барои рушди соҳаи парандапарварӣ талош варзида истодаанд. Баъди озод гардидани маводи воридотии соҳа аз андозҳо ба ҷумҳурӣ барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва  хӯроки паранда ворид гардиданд. Корхонаҳои  парандапарварии ҷумҳурӣ  соли 2018 беш аз 2 миллиону 600 ҳазор чӯҷа истеҳсол ва барои парвариш пешниҳод намуданд, ки ин нисбат ба соли пеш хеле зиёд мебошад»,- гуфт Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуданд.

Январь 28, 2019 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд