Соли 2019 дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. То 1 январи соли равон дар ҷумҳурӣ аз тарафи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 ҳазору 100 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки ин миқдор барои таъминоти аҳолӣ басанда нест.
Тавре дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ изҳор намуд, соҳаи моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳақиқат истеҳсоли 2 ҳазору 100 тонна моҳӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ кам аст.
«Баъди сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар соҳаи моҳипарварӣ тағйироти ҷиддӣ рӯи кор омаданд. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият доранд. Бо мақсади рушд додани соҳаи моҳипарварӣ вазорат барои ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ 307 ҳазор моҳича дастрас намуда, ба 43 хоҷагии моҳипарвар тақсим намуд»,- гуфт Иззатулло Сатторӣ.
Ба зикри номбурда, баъди равона гардидани таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа ҳоло дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, истеҳсоли моҳӣ соли 2018 нисбат ба соли пеш 40 тонна зиёд гардид.
Дар назар аст, ки соли 2019 истеҳсоли моҳӣ зиёд карда шавад.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






