Теъдоди хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шуданд
ДУШАНБЕ, 5.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷуғрофиёи хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои қаблӣ фарох гардидааст. Мусаллам аст, ки дар радифи хатсайрҳои ба самти шаҳрҳои Самара, Новосибирски Россия ва шаҳрҳои Боткент, Аркаи Қирғизистон фаъолиятдошта, хатсайрҳои нав бо шаҳрҳои Тирмиз, Деҳнав ва Самарқанди Ӯзбекистон ифтитоҳ гардидаанд.
Ифтитоҳи хастайрҳои нави байналмилалии автомобилӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Ӯзбекистон ба рафту омади мусофирон, интиқоли молу маҳсулот, рушди иқтисоду тиҷорат ва ба таҳкими дӯстиву рафоқат, бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон ҷиҳати ташкили босифати хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофирбарӣ бо ибтикори Роҳбарияти мамлакат ва шаҳри Душанбе беш аз дусад автобуси муосир ва садҳо нақлиёти мусофирбари таксӣ ба кишвар ворид гардида, корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «Авесто» ташкил карда шуд, ки автобусҳои замонавиро истеҳсол мекунад.
Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсаи рушди соҳаи нақлиёти мамлакат бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара» бо тӯли беш аз 67 км, қитъаҳои Гулистон-Исфара бо дарозии 18,2 км, Исфара-Ким бо дарозии 13 км, Ким-Кучкак 13,9 км ва Конибодом-Патар бо дарозии 5,7 км пурра ба анҷом расида, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ — 27 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон моҳи октябри соли гузашта Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаҳои боқимондаи роҳи мошингарди Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданияти роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфараро ба истифода доданд. Инчунин дар остонаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аввалин эстакада дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки ин иншоот барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонидани роҳҳои пойтахт ва коҳиш додани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахти мамлакат мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои сарчашма, лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар» босуръат идома дорад. Инчунин аз ҳисоби сарфаи маблағҳои Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ва асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи «Сайрон-Қарамиқ» таҷдиди роҳи мошингарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» оғоз гардида, як қисми корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зимни натиҷагирӣ аз рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар мамлакат зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат афзуданд, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад






