Усмоналӣ Усмонзода: «Соли 2018 Тоҷикистон 2 миллиарду 406 миллион кВт. соат неруи барқ содирот намуд»

Январь 28, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 28.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2018 ҳаҷми умумии содироти неруи барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар мамлакатҳо 2 миллиарду 406 миллион  кВт. соатро ташкил дод. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз, 28 январ дар зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  баён дошт.

«Аз ин миқдор 926 миллион кВт. соат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 1 миллиарду 480 миллион кВт. соат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рост меояд», — гуфт номбурда.

Ба гуфтаи мавсуф, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 1 миллиарду 138 миллион кВт зиёд ва суръати афзоиш 1,9 маротиба бештар мебошад

Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва сиёсати созандаи роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст даҳаи аввали моҳи апрели соли 2018 хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) пайваст карда шуда, бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ба иттилои Вазорати энергетика ва зихираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон бо ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин нишондиҳанда тақрибан ба  6 ҳазор мегаватт расидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Яъне пас аз татбиқ гардидани лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки содироти барқ то ба 5-6 миллиард киловатт-соат  расонида шавад.

Январь 28, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид