ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ… Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таҳияи асарҳои беҳтарин ва баландғоя бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 9.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро барои таҳияи асарҳои беҳтарин эълон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи озмун эҷоди шеърҳо, ҳикояҳо, очеркҳо ва асарҳои саҳнавии нави баландғояи ватандӯстона, тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллӣ мебошад.
Дар озмун шоирон, нависандагон, драматургон, очеркнависон иштирок менамоянд.
Ҷамъбасти озмун дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тибқи муқаррароти озмун, шеър аз 150 сатр, хикоя, очерк ва асарҳои саҳнавӣ аз 15 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1, шрифт Palatino Linotype) бояд зиёд набошанд.
Барои ғолибони ҷойи аввал (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 3 000 сомонӣ, ғолибони ҷойи дуюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 2 500 сомонӣ ва сеюм (барои шеър, ҳикоя, драма, очерк) – 2 000 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, қабули асарҳо то 15 августи соли 2019 идома меёбад.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






