11 феврал Агентии авиатсияи гражданӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2018 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Академияи илмҳо соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 09:00 дар толори корхонаи мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Агентии хоҷагии ҷангал соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Агентӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ меороянд.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






