Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардид-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 4, 2019 11:02

ХУҶАНД, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда тибқи нақша бунёди 510 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар аст. Аз ҷумла, навсозии Қалъаи Хуҷанд ва меҳмонхонаи овозадори «Ленинобод», бунёди Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва бинои планетарияи нав, роҳи танобӣ ва тарабхонаҳои замонавии «Темурмалик» ва «Фарел» аз зумраи ин иншоот мебошанд.  Ин матлабро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф МУҲАММАДЗОДА  зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки соли 2018 аз маркази вилояти Суғд ва ҷойҳои таърихии он беш аз 64 ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла 4300 нафар сайёҳи хориҷӣ диданд намуданд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин давра дар маҷмӯъ 2,7 млн сомониро дар бар гирифт.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба соҳаи иқтисодиёт гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби 163 коргоҳи хурду бузурге, ки 88 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд, ҳаҷми 63 намуди он нисбат ба соли қаблӣ зиёда аз сад фисад таъмин гардид.

Дар ин давра робитаҳои иқтисодии шаҳри Хуҷанд бо 45 мамлакати дуру наздик ба роҳ монда шуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 290,2 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Аз ҷумла, дар ин давра 11 корхонаи саноатӣ ба маблағи 188,4 млн. сомонӣ ба давлатҳои хориҷии дуру наздик маҳсулот содирот карда, аз ҷониби 54 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 318,9 млн. сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ истеҳсол гардиданд.

«Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033,3 миллион сомонӣ расид. Ин нисбат ба  соли 2017 11,6 фоиз зиёд аст», — афзуд раиси шаҳр М.Муҳаммадзода.

Февраль 4, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд