ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд
ВАҲДАТ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат то соли 2021 дар ҷойи муассисаҳои таълимии садамавӣ 15 адад мактабҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин вобаста ба саноатикунонии мамлакат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Бино ба иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, дар доираи чорабиниҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои он зиёда аз 500 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. Аз ин шумора давоми соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон 8 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 истироҳатгоҳи оммавӣ, 2 ошхонаи миллӣ, як меҳмонхона, як маркази ҳунарҳои мардумӣ, як ҳаммоми замонавӣ, ду маркази дандонпизишкӣ, як маркази ташхиси тиббӣ-судӣ, як нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ дар минтақаи Ромит, як бинои иловагии қабули беморони асаби кӯдакона дар маркази ташхисию табобати “Шафқат”, 7 иншооти варзишӣ ва як анбори нигоҳдории картошкаи тухмӣ дар минтақаи Канаск мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 5521 ҷойи кор таъсис дода шуд, ки аз ин 71,7 фоизаш ҷойи кори доимӣ мебошанд. Бо бунёд гардидани зиёда аз 500 иншооти дигар то ҷашни Истиқлолият ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё мешаванд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






