ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Роғун коргоҳҳои истеҳсолию осоишгоҳ ба истифода дода мешаванд
РОҒУН, 06.02.2018. /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун соли сипаришуда як муассисаи таълимӣ, 4 коргоҳи истеҳсолию фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, 3 майдончаи варзишӣ ва як ҳаммому сартарошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Тибқи нақша, имсол дар шаҳр дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як адад осоишгоҳ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокии тоза бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин нуктаро муовини якуми раиси шаҳри Роғун Исмоил Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода дар нишасти матбуотӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сари вақт расонидани кумакҳои аввалини тиббӣ ва таъминот бо доруҳои баландсифат гуфт, ки дар назди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунгоҳҳои тиббӣ ва як маркази саломатӣ бо фарогирии духтурони баландихтисос фаъолият доранд. Ин муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо беморхонаи марказӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун ба сохтмончиёни ин кохи нур сари вақт ва дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд. Инчунин дар назди бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии НБО «Роғун» зиёда аз 5 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ мавриди омодабош қарор доранд.
Зимни нишасти матбуотии шаҳр гуфта шуд, ки соли 2019 агрегати дуюми НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маросими ба истифодадиҳии агрегати дуюми неругоҳ дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо мароми тоза ҷараён доранд.
Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун ворид гардидан ва дидани биноҳои баландошёнаи замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам карда, онро чун шаҳри энергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






