ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон неругоҳҳои обию барқии «Себзор» ва «Санобод» мавриди истифода қарор дода мешаванд
ХОРУҒ, 08. 02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ -ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Зеро рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба неруи барқ бастагӣ дошт. Аз ин рӯ сарфи назар аз мушкилоти молию иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар мамлакат сохтмони неругоҳҳои хурду бузург шурӯъ гардид. Яке аз нахустин неругоҳҳои хурди барқӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кард, ин неругоҳи хурди барқии «Помир 1» буд.
Сухангӯи ширкати «Помирэнерҷӣ» Абдулло Амонбеков он рӯзҳоро ба хотир оварда, мегӯяд, ки «таҳкурсии ин неругоҳ соли 1984 гузошта шуд ва баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маблағгузории он қатъ гардид. Сокинони вилоят дигар умедашонро аз бунёд шудани ин неругоҳ канданд. Аммо соли 1992 бо саъю талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони неругоҳи мазкур дубора оғоз ёфт ва соли 1994, дар остонаи ҷашни Наврӯз агрегати якуму дуюми он бо тавоноии 14 ҳазор киловатт-соат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳарчанд вазъият дар минтақа чандон ором набуд, аммо ба ин нигоҳ накарда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин неругоҳи воқеан барои сокинони шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он муҳим ширкат намуда, изҳор доштанд, ки агрегати сеюму чоруми ин неругоҳ низ ояндаи наздиктарин ба истифода дода мешаванд. Ҳамин тавр соли 2005 ду агрегати дигари неругоҳи «Помир 1» ҳам мавриди истифода қарор гирифтанд».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон нафар аз ширкунандагони маросими пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳро табрик карда, изҳор доштанд, ки «имрӯз дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди фараҳбахши муҳим ба вуқӯъ омад, ки мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем. Ин лаҳзаҳо, ки навбати дуюми неругоҳи барқи обии «Помир 1» пурра ба истифода дода шуд, на танҳо барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки кулли кишварамон хурсандиовар аст. Зеро бунёд кардану мавриди истифода қарор додани неругоҳи мазкур ва бо қувваи барқ таъмин шудани як қатор ноҳияҳои вилоят дар роҳи истиқлолияти энергетикии мамлакат дастоварди назаррас мебошад».
Ҳоло дар вилоят 11 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ муназзам фаъолият доранд, ки 6-тояш дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардида, аксарияташон ба шабакаи марказии «Помирэнерҷӣ» пайваст карда шудаанд. Ҳоло 91 фоизи аҳолии вилоят дар чаҳор фасли сол бо неруи барқ шабонарӯзӣ таъмин мебошанд. Аммо бо бунёд гардидани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ талабот ба неруи барқ низ рӯ ба афзоиш мениҳад. Аз ин рӯ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди боз ду неругоҳи хурду миёна мавриди тадқиқу ташхис қарор дода шуд.
Моҳи июли соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро гузоштанд ва марҳилаи аввали корҳои бунёдӣ оғоз ёфт. Ҳоло корҳои асосноккунии техникии Неругоҳи барқи обии «Санобод» идома доранд. Дар маҷмӯъ, ин ду неругоҳ 211 ҳазор киловат-соат неруи барқ истеҳсол мекунанд.








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






