ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ёвон Маркази саломатии замонавӣ ба хизмати аҳолии деҳот шурӯъ намуд

Февраль 15, 2019 10:00

ДУШАНБЕ 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар робита ба ин дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Маркази саломатии замонавии деҳоти Ширинчашма мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин Маркази саломатӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардид.

Бино ба иттилои Вазорат,  корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Ваҳдат» моҳи июли соли 2017 шурӯъ гардида, дар бунёди он 1 миллиону 230 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.  Бинои маркази саломатӣ аз 7 ҳуҷра, аз қабили утоқи момодоя, духтури тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна, таҳлилгоҳ, бақайдгирӣ ва  доругузаронӣ  иборат мебошад. Ҳамчунин иншооти ёрирасон, аз ҷумла нақлиёти ёрии таъҷилӣ,  печҳои махсус барои безараргардонии сӯзандоруҳо, чоҳ барои ҳолатҳои фавқулодаи сӯхтор ва манора барои таъмини оби нӯшокӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббию ғайритиббӣ, мизу курсӣ, ҷевону яхдон, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, дастгоҳҳои огоҳкунанда ҳангоми сар задани сӯхтор муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Февраль 15, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад