Ҳабибулло Саъдуллозода: «Ҳадафи Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ таъмини иштироки ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалист»

Февраль 14, 2019 17:09

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи тиҷоратикунонии  соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои  грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардидааст. Ҳадафи Лоиҳаи мазкур   баланд бардоштани  сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ, маҳсулоти агроистеҳсолӣ ва дастгирии рушди корхонаҳои микро, хурд ва миёна дар  сатҳи деҳот  тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ  ба маблағгузорӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори манфиатгирандагон мебошад.  Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти  матбуотӣ  директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳабибулло Саъдуллозода иброз дошт.

Ба гуфтаи муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов, яке аз вазифаҳои асосии Лоиҳа- ин таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ  дар намоишгоҳи  байналмилалӣ мебошад.

«Дар доираи  Лоиҳа дар якҷоягӣ  бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки  ширкатҳои коркардкунандаи ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии  «Gulfood», ки аз 18 то 22 феврали  соли 2018 дар Дубай баргузор гардида буд, таъмин карда шуд. Инчунин   Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар якҷоягӣ  бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» дар  назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштироки ширкатҳои коркардкунандаи ватаниро дар намоишгоҳи  байналмилалии воридотӣ «ЭКСПО- 2018», ки аз 5 то 10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин  баргузор гардид, таъмин намуд»,- гуфт Ҳусейн Каримов.

Ба иловаи номбурда, дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  ширкатҳои «Зардолу ва Компания», «Оро Исфара», «Водии меваҳо», «Дӯстӣ-2», «Исфаруд» ва Комбинати хӯроквории “Бохтар” иштирок намуда, меваҳои хушки коркарднамудаи худро ба намоиш гузоштанд. Ширкатҳои номбурда  асосан ба  содироти меваҳои хушк ва тоза  ба хориҷи мамлакат машғул мебошанд. Мақсади иштирок дар намоишгоҳи «ЭКСПО- 2018»- ин диверсификатсияи бозори содиротӣ ва  баромадан ба бозори Чин   мебошад.

Февраль 14, 2019 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд