Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ: қариб 1 ҳазору 700 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд

Февраль 7, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 07.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат хизматрасонии об пулакӣ буда, тибқи нархномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барои  як метри кубӣ 2 дирам муайян шудааст. Ин нуктаро 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иброз дошт.

Ба иловаи номбурда, ҳарчанд ки ин маблағ хеле ночиз аст, вале идораҳои дахлдор метавонанд аз ин ҳисоб нигоҳубини иншоотро ба роҳ монанд.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо лоиҳаи «Барномаи давлатии беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ва «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»- ро таҳия намуда,  ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Ҳоло нисбат ба ин барномаҳо қарорҳои дахлдор қабул  шуда, мавриди  амал қарор доранд.

«Ҳоло Агентӣ ҷиҳати барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда кор бурда истодааст. Соли 2018 қариб 1 ҳазору 700  гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид, ки он 739 гектар аз нақша зиёд мебошад»,- гуфт Холмурод Раҳмон.

Февраль 7, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд