Агентии «Тоҷикстандарт» барои афзун намудани содироти мева ба бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас меандешад

Февраль 4, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») бо мақсади дастгирии соҳибкорон,  тақвияти рушди содирот ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни нишаст муовини директори Агентии мазкур Ситора Шерзода зикр намуд, ки то имрӯз стандарти тиҷоратии кишоварзӣ дар самти меваи хушки зардолу амал мекунад.

«Ҳоло стандартҳои хурмо, пиёзи барвақтӣ, лимӯ, ангур ва себи биҳӣ дар ҳоли таҳия қарор дошта, дар нимсолаи аввали соли равон қабул мегарданд»,- илова намуд Ситора Шерзода.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла меваҷот дар бозорҳои дохилӣ камтар шудааст.

Ба гуфтаи Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат  Давлатзода,  ин ҳолат дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои соҳавие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир амалӣ гардиданд, ба миён омад ва имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати содироткунанда табдил ёфт.

«Имрӯз мо навъҳои гуногуни меваҳо, чун себ ва ангур содирот карда истодаем», — гуфт номбурда ва илова намуд, ки «ҳоло дар натиҷаи пешбурди сиёсати соҳаи аграрӣ, яъне амалисозии барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳар сол садҳо гектар боғ бунёд карда мешаванд.  Яъне амалигардии ин барномаҳо ҷойи маҳсулоти хориҷиро бо маҳсулоти ватанӣ пурра намуда истодааст».

Зимнан, дар самти зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда, ки   ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, корҳои назаррас амалӣ карда шуданд.

Масъалаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ мақоми хос дошта, дар мамлакат барои амалӣ намудани он Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амал мекунад.

Бояд гуфт, ки ба масъалаи содироти мол, аз ҷумла меваи хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон на танҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, балки мамлакатҳои қабулкунанда низ таваҷҷуҳ доранд.

Мисоли ин гуфта он аст, ки охири моҳи октябри соли 2018 Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко оид ба ин масъала ибрози назар намуд. Он замон ТАСС гуфтаҳои Валентина Матвиенкоро  чунин нашр намуда буд: «Россия ният дорад бо Тоҷикистон масоили ба тариқи сода дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро, ки бо меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи худ шӯҳрат дорад, баррасӣ намояд».

Ӯ инчунин гуфта буд: «Тоҷикистон бо меваю сабзавоти олисифати хуштамъ, фоидаовар ва, муҳимтар аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза шӯҳрат дорад…».

Иқдоми Агентии  «Тоҷикстандарт»-ро дар самти қабул намудани стандарти тиҷоратии кишоварзӣ метавон қадами устуворе дар самти мамлакати содиротивазкунанда шудани Тоҷикистон номид.

Ёдовар мешавем, ки Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли сипаригардида зиёда аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартии ба талабот ҷавобгӯй набударо ошкор намуд. Аз ин миқдор зиёда аз 65 тоннаашро меваю сабзавот ва хушкмева ташкил медиҳанд.

Февраль 4, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд