Ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Февраль 22, 2019 08:19

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи мазкур Азим Иброҳим баргузор гардид.

Дар оғоз муовини Сарвазир хотиррасон намуд, ки масъули иҷрои бандҳои созишномаи мазкур вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолияташон ва шарикони иҷтимоӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки дар асоси созишномаи зикргардида соли 2018 байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ 21 созишномаи минтақавӣ, байни вазорату идораҳо ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ 37 созишномаҳои соҳавӣ баста шуда, мавриди амал қарор доранд.

Тавре Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, нишондиҳандаҳо «ба талаботи имрӯза ҷавобгуй намебошанд». Азим Иброҳим  аз рафти татбиқи Созишнома изҳори нигаронӣ намуд ва аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баимзорасонӣ, сабтиномкунии созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои муқаррароти онҳо фаъолияташонро тақвият бахшанд. Ин раванд бояд фарогири фаъолияти ҳамаи сохторҳои болозикр бошад.

Инчунин ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҷалби ҳарчи бештари теъдоди аҳолии қобили меҳнат ба  корҳои арзанда  ва бо ин васила зиёд  намудани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани  дараҷаи накӯаҳволии аҳолӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо мушаххас ва ба шарикони иҷтимоӣ тавсияҳо дода шуд.

Масъалаи пардохти саривақтӣ ва пешгирии афзоиши қарзии музди меҳнат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қарздор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, таъкид намуд муовини Сарвазир.

Февраль 22, 2019 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд