Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи феврал дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд мешавад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шабонарӯзи наздик дар натиҷаи воридшавии ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди водиҳо ва қисман дар минтақаҳои кӯҳӣ паст мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар ин давра дар водиҳо борон ва баъдан гузариш ба барфи тар дар назар аст. 14 феврал шабона дар як қатор минтақаҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд эҳтимолияти шиддат гирифтани боришот пешгӯӣ мегардад. Дар вилояти Хатлон низ дар баъзе ноҳияҳо шабона боришот шиддат мегирад. Ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона -1+4 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон, барф ва дар қисматҳои кӯҳӣ асосан барф меборад. Дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани боришот дар назар аст.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон фаромадани туман низ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борону барф меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришот шиддат гирифта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона -3+2 дараҷа гарм мешавад.
Дар натиҷаи дохил шудани ҳавои сард дар як қатор минтақаҳои вилояти Бадахшон боридани боришоти на он қадар пуршиддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби Бадахшон шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад. Дар шарқи Бадахшон шабона 16-21 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард эҳтимол борон ба барф табдил ёфта, дар баъзе ҳолатҳо шиддатёбии он дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, дар тӯли моҳи феврал боридани боришот дар рӯзҳои алоҳида пешгӯӣ карда мешавад. Эҳтимол аст рӯзҳои 17-18 феврал, аз 20 то 22 ва то охири моҳи феврал дар қисми зиёди водиҳо борон ва барфи тар борад. Дар назар аст, ки дар қисматҳои кӯҳӣ асосан барф меборад.
«Дар ин давра ҳарорати ҳаво низ тағйирёбанда буда, дар рӯзҳое, ки ҳаво соф мегардад, то 2-3 дараҷа сард ва 5 дараҷа гарм шудани он дар водиҳо дар назар аст. Аз рӯи пешгӯӣ, моҳи феврал дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои вилояти Бадахшон ва қисмати шарқии он аз меъёри муқаррарӣ зиёд боридани боришот дар назар дошта шудааст»,- гуфт Ҷамила Байдуллоева.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






