Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Тағйирёбии қурби сомонӣ ба омилҳои дохилию берунӣ рабт дорад»
ДУШАНБЕ, 06.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Қурби расмии асъори миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ соли гузашта 6,9 фоиз коҳиш ёфтааст, ки он дар қиёс ба соли 2017 5,1 фоиз камтар мебошад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии мамлакат гуфт, ки тағйирёбии қурби сомонӣ ба хусусиятҳои бунёдию сохтории иқтисодиёти ҷумҳурӣ рабт дошта, он таҳти таъсири омилҳои дохилию берунӣ сурат мегирад. Яке аз сабабҳои коҳиши қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоиро дар соли гузашта Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳти таъсири вазъи ноустувори геосиёсию иқтисодӣ қарор доштани шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон — Федератсияи Россия, хусусан коҳиши қурби рубли русӣ нисбат ба доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамазамон зиёд шудани бақияи манфии тавозуни савдо, афзоиши хароҷоти асъории буҷети давлатӣ, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, афзудани фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ ва дигар омилҳои мавсимӣ ба коҳиши қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ таъсир расонидааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки талабот ба доллари амрикоӣ дар як рӯз дар кишвар ҳудуди 24 миллион долларро убур менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






