Ба шарафи 30-солагии Истиқлолият дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд якчанд иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд
ХУҶАНД, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳия ва муассисаву ташкилотҳои мамлакат баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ корҳои таъмиру навсозӣ ва ободкорӣ бомаром идома доранд.
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз зумраи ин гуна муассисаҳо мебошад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ саҳни даромадгоҳи фурудгоҳ таъмир гардида, таъмиру навсозии меҳмонхона ва сохтмони тарабхона, ошхонаю гармхона бомаром ҷараён дорад.
Тавре директори кулли фурудгоҳ Қурбони Алимардон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, яке аз ҳадафҳои асосии ҷомеаи меҳнатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар раванди таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон- ин мутобиқ гардонидани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандарти ҷаҳонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина имрӯзҳо меҳмонхонаи 4-ошёнаи қаблии фурудгоҳ бо назардошти талаботи рӯз аз нав таъмиру таҷдид гардида, ҳамзамон дар паҳлӯи он тарабхонаву ошхонаи сеошёнаи муосир бунёд шуда истодаанд. Баъди ба истифода додани меҳмонхона он аз 72 ҳуҷра (45 ҳуҷраи умумӣ, 23 ҳуҷраи дараҷаи олӣ ва 4 ВИП) иборат гардида, метавонад дар як баст 150 нафар меҳмононро қабул намояд.
Бояд гуфт, ки тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамарӯза садҳо нафар ба пойтахти мамлакат ва дигар гӯшаву канори олам сафар мекунанд ё баръакс вориди вилоят мегарданд. Аз ин лиҳоз, мавҷудияти меҳмонхона ва ошхонаву тарабхона барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии фурудгоҳ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҷиҳати ободониву сарсабзгардонии атрофи фурудгоҳ чанде пеш дар ҳудуди он ду гармхона ба истифода дода шуд. Дар ин рӯзҳо дар паҳлуи он сохтмони боз ду гармхонаи ҳаҷман калонтар идома дорад. Ҳоло дар гармхонаи амалкунанда парвариши беш аз 10 намуди гулҳо ва лимӯ низ ба роҳ монда шуда, 13 нафар бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Инчунин баҳри таъмини бехатарии фаъолияти фурудгоҳ дар ҳудуди он беш аз 120 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, дар ин замина Маркази мушоҳидаи видеоӣ низ ташкил карда шудааст.
«Аэродроми Фурудгоҳи Хуҷанд дар ҷумҳурӣ ягона аэродромест, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти хатти парвозу фуруд ба амал бароварда метавонад. Дар ин радиф баҳри қабули тайёраҳои калонҳаҷм хатти парвозу фуруди фурудгоҳ аз 2620 то 3200 метр дароз карда шуда, дар он таҷҳизоти нави равшанидиҳӣ ва системаи DME (мутобиқ ба дараҷаи 1 ИКАО) васлу насб карда шудаанд», — гуфт Қурбони Алимардон.
Ҳамзамон давоми соли 2018 дар фурудгоҳ аз ҷониби 7 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати миллӣ ва 5 ширкати хориҷӣ ба мусофирон хизмат расонида шуда, теъдоди умумии хатсайрҳои тиҷоратӣ 2254 ададро ташкил додааст. Аз ин 1871 ададаш хатсайри хориҷӣ мебошад. Дар ин замина 279 500 нафар мусофирон гуселонида, 260 700 нафар қабул карда шуда, 98,5 тонна бор фиристода, 205,5 тонна қабул карда шудааст. Дар ин давра даромади фурудгоҳ аз хизматрасониҳо нисбат ба соли 2017 ба андозаи 8 фоиз афзуда, фоидаи соф низ назар ба соли сипаригашта ба андозаи 28,2 фоиз зиёд гардидааст.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба масъалаи таъминот бо мутахассисони касбӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Соли гузашта тариқи озмун 80 нафар ҷавонони болаёқат ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор қабул гардиданд. Ҳоло теъдоди умумии кормандони фурудгоҳ ба беш аз 800 нафар расидааст.








«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






