БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ: Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 1.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 1 феврал аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур интиқоли барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти фаврӣ- танзимгарии ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» Муҳаммадрасул Нуралиев хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар кӯчаҳои Гастелло, Есенин, Айнӣ ва маҳаллаи 192-юми ноҳияи мазкур интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад.
«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда интиқол дода мешавад», -зикр кард манбаъ.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






