Баррасии тақвияти ҳамкории бонкӣ: дар шаҳри Саняи Чин мулоқоти раиси «Амонатбонк»-и Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲШ баргузор гардид

Февраль 26, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани механизми бисёрсамта дар бахши маблағгузории лоиҳаҳо, рушди қарздиҳӣ, ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркунӣ бо асъорҳои миллии кишварҳои аъзо ва табодули таҷрибаи тарафайн яке аз принсипҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/  ба шумор меравад.

Ин матлаб дар мулоқоти раиси Раёсати  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, ки дар доираи баргузории Форуми  байнибонкии «Таҳкими ҳамкории молиявии минтақавӣ ва рушди устувори фарогир» дар шаҳри Саняи Чин доир шуд, баён гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки  давлатии амонатгузории  Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақа барои фаъолияти СҲШ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои аъзои он  маҳсуб меёбад. Дар ин росто ҳамоҳангсозии самараноки давлатҳои аъзои СҲШ  ҷиҳати рушди муносибатҳои мутақобила дар доираи ин созмон чун яке аз ҳадафҳои манфиатовар дар самти густариши равобити иқтисодии байнибонкӣ нақши муҳим мебозад.

Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон иброз намуданд, ки ҳамкории муштарак ва ба имзо расонидани созишномаҳои мухталиф яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ маҳсуб ёфта, ҷонибҳо дар густариши чунин самтҳои манфиатовар тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд кард.

Февраль 26, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад