Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Қатар ғолиби Ҷоми миллатҳои Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар бозии финалии Чемпионати Осиё-2019 дастаи мунтахаби Қатар бар Япония бо натиҷаи 3:1 ғалаба карда бори аввал дар таърихи худ Ҷоми миллатҳои Осиёро болои сар бардошт. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Зайд Спортс Сити Стедиум»-и шаҳри Абу Дабӣ бо ҳузури 36 776 мухлис барпо гардид. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.
Дастаи мунтахаби Қатар ягона дастаест, ки дар бозиҳои Чемпионати 17-уми Осиё-2019 ҳамаи бозиҳояшро бо ғалаба анҷом дод. (Лубнон-2:0, Кореяи Шимолӣ- 6:0, Арабистони Саудӣ -2:0-дар бозиҳои гурӯҳи “Е”, Ироқ -1:0,1/8-ниҳоӣ, Кореяи Ҷанубӣ-1:0, ¼-ниҳоӣ ва АМА-4:0, ½-ниҳоӣ ва Япония 3:1 дар финал). Нишондиҳандаҳои беҳтарини ин Чемпионат ба ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Қатар рабт доранд. Аввалан, ҳамлагари дастаи мунтахаби Қатар Алмаъз Алӣ бо 9 тӯби ба дарвозаи ҳарифон задааш нишонзани беҳтарини Чемпионат шинохта шуд. Дуввум, дарвозабони ин даста Саъд Ашшиб дар мадори бозиҳо танҳо як маротиба тӯбро аз дарвозааш гирифт, ки ин ҳам рекорд аст (дар бозии ниҳоӣ футболбози японӣ Такуми Минамино ба гол задан шарафёб шуд). Натиҷаи аз ҳама калонтарин низ дар вохӯриҳои Чемпионати Осиё дар бозии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Кореяи Шимолӣ, ки бо натиҷаи 6:0 анҷом ёфт, ба қайд гирифта шуд. Футболбозони Қатар дар ҳама бозиҳо ба дарвозаи ҳарифон 19 тӯб заданд, ки ягон даста ба ин миқдори голҳо наздики ҳам накард. Ба як маъно ғолибияти дастаи мунтахаби Қатар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо ғайричашмдошт нест.
Дастаи мунтахаби Япония бо вуҷуди ин ки дар гурӯҳи “F» намоиши хубе надошт, аммо дар бозиҳо бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (3:2), Уммон (1:0) ва Ӯзбекистон (2:1) пирӯзӣ ба даст оварда, дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал гардид. Дар бозиҳои ҳазфӣ (плей-офф) ҳам футболбозони Япония дар муқобили Арабистони Саудӣ (1:0) ва Ветнам (1:0) бо душворӣ ба ғалаба комёб гардиданд. Бозии аз ҳама тамошобоб ва ҷолиби самурайҳо дар вохӯрии нимниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Эрон (3:0) зуҳур кард ва Япония даъвогари аз ҳама асосии унвони чемпиониро (Эрон дар назар аст) дар мусобиқаи имсола дар канор намуд
Аз 8 вохӯрие, ки дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония бо ҳам доштанд, 2 бозӣ бо ғалабаи Қатар ва ду вохӯрӣ бо пирӯзии японҳо ба қайд гирифта шудаасту 4 бозӣ мусовӣ ба поён расидааст. Аммо дар вохӯрии асоию ҳалкунанда дирӯз дастаи мунтахаби Қатар бори дигар нишон дод, ки ба финал ғофилан набаромадааст ва ин даста қодир аст ба беҳтарин дастаҳои Осиёву ҷаҳон татиби бозии ғалабаовари худро пешкаш намояд.
Мақсади дастаи мунтахаби Қатар дар бозии ниҳоӣ аз шурӯъи бозӣ намоён гардид. Алакай дар дақиқаи 12-ум Алӣ Алмаъз ҳисобро боз кард. Абдулазиз Ҳотим дар дақиқаи 27-ум бартарии қатариҳоро бештар намуд. Акрам Афиф (83-пеналтӣ) нуқтаи охирини голзаниро дар бозӣ гузошт. Ба футболбозони япон муваффақ шуд, ки дар дақиқаи 69-ум тавассути Такуми Минамино як тӯбро ба дарвозаи Қатар зананд.
Ба ҳамин тартиб Чемпионати 17-уми Осиё дар АМА бо пирӯзии дастаи мунтахаби Қатар, ки дар таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё бори аввал аст, ба анҷом расид. Давлати Қатар, ки мизбони бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 мебошад, омодагии худро ба ин мусобиқоти бонуфуз бо ба даст овардани Ҷоми Осиё тасдиқ кард.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






