Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба муаррифии китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Пешвои миллат ҳамоиши илмӣ доир гардид

Февраль 16, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 16.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон нишасти илмӣ, бахшида ба муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» доир гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Нишасти илмиро ректори донишкада, профессор Фозил Обидов ифтитоҳ намуда, нуктаҳои муҳими китоби тозанашри  «Уфуқҳои истиқлол»-ро  муфассал манзури ҳозирин гардонид.   Ректори донишкада иброз намуд, ки ташвиқот ва ҷонибдорӣ намудани ташаббусҳо ва ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои   миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли илм ва адаб яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб меёбад.

Номбурда  таъкид намуд, ки китоби нави муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии таҳқиқотӣ дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Иброз гардид, ки ҳар як саҳифаи «Уфуқҳои истиқлол» пораи таърихи ҷаҳду талошҳои  мардуми шарифи Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Истиқлолияти комили миллӣ ифода мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар сарсухан, панҷ боб ва охирсухани ин китоби арзишманд Пешвои миллат роҷеъ ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати милливу суботи иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ назари худро баён намудаанд.

Дар идомаи нишасти илмӣ ҷиҳати муаррифии китоби тозанашри Президенти мамлакат  муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии донишкада, дотсент И. Хоркашов, мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ дотсент П. Нидоев ва дигар устодони донишкада  ибрози ақида намуда, нақши онро дар рушди минбаъдаи мафкураи миллӣ ва сиёсии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.

Февраль 16, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид