Дар Душанбе ислоҳот дар қонунгузории гарави моли манқул баррасӣ гардид

Февраль 12, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи бештар ба ҷомеа ва иштирокдорони бозори қарз дар мавриди моҳият ва мақсади ислоҳот дар қонунгузории гарави моли манқул, инчунин таъсири он ба таҷрибаи қарздиҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (ACAFI) имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Аҳдҳои таъминшуда — заминаи мусоид барои пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир намуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода аз раванди ислоҳот ва таҳияи қонунгузорӣ, аҳамияти он дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Иштирокдорони ҳамоиш  иқтидор ва дурнамои татбиқи ислоҳоти мазкурро дар  беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ баррасӣ намуданд.

Мусаллам аст, ки қонунгузории ҷадид вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар робита ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ дар вазъи буҳронии молиявии ҷаҳонӣ дарҷ гардидаанд, амалӣ ва иҷрои Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» дар доираи ислоҳоти мазкур тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2015 ва протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун идомаи мантиқии раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди соҳибкорӣ» аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо  ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки коршиносони байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия шудааст.

Қонуни мазкур дар заминаи Қонуни каблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул», ки бо  тағйир ёфтани вазъи иқтисодиёт ва муносибатҳои иқтисодии ҷомеа ҳуқуқу манфиатҳои субъектони алоҳидаро ҳангоми сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонист, таҳия гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки моҳи январи соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи қонунҳо, аз ҷумла   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва қонунҳои марбутаи он  вобаста ба  «уҳдадориҳои таъминшуда» ба имзо расидонида шуд.  Бо назардошти нав будани мафҳуми «уҳдадориҳои таъминшуда» дар қонунгузории амалкунанда, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Кодексҳои гражданӣ (қисмҳои 1 ва 2), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ  тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон  бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо Вазорати адлияи кишвар, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинобар такмили низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ва низоми уҳдадориҳои таъминшуда дар Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори молиявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

«Ислоҳот дар қонунгузории гарави моли манқул ба беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектҳо, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани «уҳдадориҳои таъминшуда» дар заминаи такмили меъёрҳои ҳуқуқии гарави молу мулки манқул сабаб гардид.

Интизор меравад, ки он дар фаъолияти қарздиҳӣ ва баргардонидани қарз  тағйироти ҷиддӣ ба миён орад. Тағйироти мазкур мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд.  Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, фазои ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар барои сармоягузорӣ беҳтар мегардад. Ин ба дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории қарзӣ мусоидат мекунад. Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» (Doing Business)-и Бонки ҷаҳонӣ буда,  аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ таҳия гардидааст».- мегӯяд муовини  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода.

Февраль 12, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид