Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назариявии «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» доир гардид
ДУШАНБЕ, 1.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо Конфронси илмӣ— назариявӣ таҳти унвони «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳақкиқони ҷавон иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронс бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.
Иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои «Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалигардонии таҳсилоти муосир», «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ», «Амалишавии меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти муосир дар маорифи кишвар», «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияи ғайринақдӣ миёни ҷавонон», «Раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши муҳоҷирати зеҳнӣ ва таълимӣ дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳсилоти фосилавӣ дар замони муосир», «Инноватсия дар фурудгоҳ», «Таҷрибаи «Алиф Сармоя» дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ», «Технологияҳои нав барои муҳоҷирон ва ҷавонон» ва «Хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар замони муосир» маърӯза намуданд.
Ҳамчунин дар кори конфронс масъалаҳои муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон бо иштироки васеи коршиносон, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ҷавонони гуногункасб баррасӣ гардид.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






