Дар Душанбе курси нахустини такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» курси нахустини такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз гардид, ки дар он директорони мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доранд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 31 июли соли 2018 дар заминаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Он барои рушди соҳаи варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва мутобиқ гардонидани мураббиён ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Зимни боздид аз ҷараёни баргузории курси такмили ихтисоси мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки «бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯзҳо барои рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиёну масъулини соҳа, машқу тамрин ва азхуднамоии усулҳои нави варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Соли 2018 варзишгарони тоҷик дар 146 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи варзиш дарак медиҳад».
Дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ барои кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш чунин марказ вуҷуд надошт. Соли 2018 бо дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси маркази мазкур Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» ва дар дастгоҳи марказии Кумита «Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб» таъсис дода шуд.
«Мутобиқ намудани варзишгарон ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарону мураббиён ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои олии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мебошад. Барои тамрин ва омодагиҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Танҳо мураббиёну варзишгарон даъват карда мешаванд, ки тамрин намуда, нозукиҳои касбиро аз худ намоянд. Варзишгарони тоҷик бояд дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ маҳорати касбӣ нишон дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранд»,- зикр намуд Аҳтам Абдуллозода.
Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то 2 марти соли 2019 идома ёфта, дар охир ба иштирокчиён сертификат супорида мешавад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






