Дар Душанбе масъалаҳои андоз ҳангоми танзими қарзҳои ғайрифаъол баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ /ГБҶ/ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мавзӯи «Масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол» ҳамоиш доир гардид. Дар он намояндагони ниҳодҳои бонкӣ, сармоягузорӣ ва коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ширкат намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории мутақобилаи судманд дар бахши низоми бонкии мамлакат, бахусус барои эътимоди он ба Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси шарик дар дастгирии гузаронидани ислоҳот дар низоми бонкӣ ва пешниҳоди кумакҳои техникӣ изҳори сипос намуд. Мавсуф ҳамзамон доир ба фаъолияти коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самти танзими қарзҳои ғайрифаъол ва ҷанбаҳои андозии он, ки дар доираи кумаки техникӣ тӯли солҳо амалӣ шуда истодаанд, сухан кард.
Дар ҳамоиш ҳисоботи коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои андоз ҳангоми танзими қарзҳои ғайрифаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармутахассис оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза дар шакли рӯнамоӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳисоботи мазкур идомаи корҳои анҷомдодаи Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт оид ба таҷдид ва танзими қарзҳои ғайрифаъол буда, аз рӯи Барномаи назорати тавсияҳои Иқдоми FIRST (159759) ва Лоиҳаи суботи бахши молия (P159933), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Иқдоми FIRST маблағгузорӣ карда мешавад, омода карда шудааст. Зимни муаррифӣ Ф. Данкоза оид ба бандҳои алоҳидаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бандҳои 27, 115, 144, ки бевосита ба танзими қарзҳои ғайрифаъол рабт доранд, бо назардошти гаронии пардохтҳои андозӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ таҳлили мукаммал пешниҳод кард. Ҳамзамон зимни муаррифӣ ҷиҳати мушкилиҳои алоҳида дар роҳҳои ҳалли қарзҳои ғайрифаъол, аз ҷумла ташкили фондҳо, ба фурӯш баровардани қарзҳои ғайрифаъол бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, тамдид ва таҷдиди онҳо, сохтори қарзҳои ғайрифаъол дар тавозун, таъсири низоми андозбандӣ ба ин равандҳо таҳлили мушаххас манзур гардид.
Фернандо Данкоза ҳолатҳои алоҳидаро аз рӯи Кодекси андоз таҳлил карда, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ (МСФО), зарурати таҷдиди назар кардани сиёсати андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани мушкилиҳо дар ин самт, алалхусус дар ҳолатҳои буҳронӣ ба инобат гирифтани имтиёзҳо, ки дар таҷрибаи аксари кишварҳо ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.
Дар интиҳо муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳозирин барои иштироки фаъол ҷиҳати муҳокимаи ҷанбаҳои андозӣ чиҳати коҳиш додани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, ки барои рушди соҳаи бонкӣ ва иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд, даъват ба амал овард.








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






