Дар Душанбе оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ҳамоиш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ҳамоиш баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2014 оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи устувори ташаббусҳо вобаста ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, таҳияи санадҳои зерқонунӣ ва барномаҳои соҳавӣ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии барномаҳои коммуникатсионӣ-иттилоотӣ оид ба пешбурди самаранокии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар назар аст, ки дар кори ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони ВАО, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, шарикони рушд ва коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок намоянд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






