Дар Хоруғ 269 килограмм дорувории муҳлатгузашта ва бе сертификат аз муомилот берун карда шуд, -бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 13, 2019 09:44

ХОРУҒ, 13.02.2019 АМИТ «Ховар»/.  Гарчанде ки назорат аз болои фурӯши маводи доруворӣ дар дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурзӯр гардидааст, ҳанӯз ҳам баъзе кормандони ин нуқтаҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ ҷони мизоҷонашонро дар хатар гузошта, ба онҳо доруҳои пастсифат, муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат мефурӯшанд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Бадахшон  Ақлимоҳ Андубекова зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, ки «дар натиҷаи пурзӯр кардани назорат нисбат ба солҳои пеш дар дорухонаҳои давлатию хусусӣ фурӯши доруҳои қалбакию пастсифат ва бе сертификати мутобиқат хеле коҳиш ёфтааст. Соли гузашта 289 килограмм чунин доруворӣ аз муомилот бароварда шуда, нисбат ба 17 нафар шахсони воқеӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон аз онҳо ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Дар ин давра фаъолияти 29 маркази хизматрасонии маишӣ бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ муваққатан қатъ гардид».

Ақлимоҳ Андубекова дар робита ба низоми нави табобат дар беморхонаҳо зикр кард, ки тибқи низоми нав бемор қабл аз муолиҷа  дар  беморхона ба хазинаи он 400 сомонӣ месупорад. Бо ин вай аз пардохти ҳаққи ташхис дар озмоишгоҳ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ озод аст. Ба маъюбони гурӯҳҳои як ва ду, бемороне, ки дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол меёбанд, ройгон хизмат расонида мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар нишасти матбуотӣ аз ҳамкасбони худ хоҳиш кард, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани дониш, малакаву маҳорати касбии худ талош варзанд, то ҳангоми ташхису табобат ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.

«Соли гузашта табибон бо сабаби бемасъулиятӣ ҳангоми ташхису табобат ба ду хатоӣ роҳ  доданд. Дар натиҷа 5 табиб ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд»,-гуфт Ақлимоҳ Андубекова.

Февраль 13, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд