Дар Хоруғ миёни сарбозону афсарони ниҳодҳои низомию қудратӣ мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 19.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилоят бахшида ба 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ» давоми як ҳафта идома ёфт. Дар он зиёда аз 80 нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), Комиссариати ҳарбии вилоят, қисмҳои низомии 0410 ва 01123, раёсатҳои гумрук, андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН), Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва комендатураи ҳарбӣ дар вазнҳои мухталиф бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар ҳайати ниҳодҳои низомию қудратӣ ва интизомию назоратӣ ҷавонони зиёде ба тамрини намудҳои гуногуни гӯштин машғуланд. Мо ин сабқатро барои ҳавасмандии бештар ва такмил додани ҳунару маҳорати варзишии онҳо баргузор кардем. Дар ҳайати ҳар яке аз ин дастаҳо аз ду то панҷ нафар устодони варзиши ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҳузур доштанд. Аз ин рӯ рақобат хеле шавқовару пурҳаяҷон гузашт. Дар вазни 65 кг сарбози қисми низомии 01123 Ҳадия Давлатов, дар вазни 70 кг афсари РВКД Абдуғаффори Ҷумъазод, дар вазни 80 кг афсари КДАМ Фаридун Қодиров, дар вазни 90 кг афсари РВКД Малик Шошоев, дар вазни 90 кг афсари Раёсати гумрук Рашид Зиёбеков ва дар вазни зиёда аз 100 кг афсари АНМН Нурӣ Қаландаров мақоми аввалро соҳиб шуданд».
Мусобиқа бо пирӯзии дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба анҷом расид. Мақоми дуюмро Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сеюмро қисми низомии 01123 ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






