Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб пуршукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли сеюм аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил мекунад. Солҳои пеш дар ин рӯз асосан хонандагони хурдсоли китобхона соҳиби туҳфа мегардиданд. Аммо имсол дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб на танҳо кӯдакон, балки хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони китобхона низ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки сол аз сол теъдоди китобҳои туҳфашаванда меафзояд. Ин навбат дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб барои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ беш аз 60 китоби нав тақдим шуд. Инҳо китобҳое буданд, ки муаллифон-адибони барои кӯдакон эҷодкунандаи мамлакат онҳоро ба тозагӣ ба Китобхона тақдим кардаанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз бахши тоҷикистонии Ассотсиатсияи “Каритас”-и Германия ба шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ 60 китоб (13 номгӯй) тақдим намуд. Ёвари маъмурии Ассотсиатсия Парвиз Каримзода дар ҳузури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва хонандагони толори хониши маъюбон китобҳоро ба онҳо туҳфа намуд. Панҷоҳ адад китобҳо бо хати брайлӣ барои нобиноён буда, боқӣ даҳ дона китоби “Реабилитация детей – инвалидов» бо хати кириллӣ мебошад.
Акнун хонандагони толор аз ҷумлаи афроди нобино имкон доранд китобҳои нави «Математика» барои синфҳои 1, 2, 3, 4, қисмҳои якум ва дуюм, «Букварь», «Забони модарӣ» барои синфҳои 1-4, «Русская речь» барои синфҳои 1 – 4, қисмҳои аз 1 то 3 ва ғайраро мутолиа намоянд.
Дарвоқеъ, суҳбати имсола бо хонандагон нишон дод, ки назар ба як соли қабл Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро биcёриҳо медонанд ва дар бораи он маълумот доранд. Ин нишони он аст, ки сафи онҳое, ки ба мутолиаи китоб рӯ меоранд, рӯ ба афзоиш аст.
Мавриди ёдоварист, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик дар ҳама давру замон китобро азиз доштаву минбаъд низ онро гиромӣ медорад. Зеро мо хуб медонем, ки ҳамнишине беҳ аз китоб надорем.








СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад






